Баргузории шанбегӣ
Ҷиҳати дастуру супоришҳои Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани «Наврӯз» ва сазовор пешвоз гирифтани “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 16 марти соли равон роҳбарият, судяҳо ва кормандони дасгоҳи суди шаҳри Бохтар, чун ҳарвақта ба тоза кардани гирду атрофи бинои суд, рангу боркоркунии он, шинонидани гулҳо, тоза навдаҳои дарахтон баромаданд.
Қайд карда мешавад, ки вобаста ба ҷашнгирии идҳои дар пеш омадаистода ҳар ҳафта дар суди шаҳри Бохтар рӯзи шанбегӣ ва ҳашар эълон карда шудааст. Вобаста ба ҷашнгирии идҳои дар пешомада кормандони суди шаҳри Бохтар омодагии ҷиддӣ дида истода, шиорҳо дар бинои суд овезон шудааст.
Сабтҳо аз ҷараёни баргузории шанбегӣ

Суди шаҳри Бохтар 



