ТАЪИНОТ

ТАЪИНОТ

Оид ба ошкоро супоридани даъвати судӣ- ва ҳуҷҷатҳои замима шуда

 

29 январи соли 2024                                                                                                                    шаҳри Бохтар

 

Ман судяи суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Бегмуродзода И.Б., парвандаи оилавиро бо даъвои Туракулов Рустам Холматович нисбати Баҳобекова Мамасулув Ярматовна, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович, Холматов Носир Алимуҳаммадович, Холматова Мунира Алимаҳмадовна ва Холматов Рамазон Алимаҳмадович ва шахси сеюм ХШБ ШВКД дар шаҳри Бохтар дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодабарии манзил ва баровардан аз қайди манзили истиқоматӣ, барраси намуда, суд ____

 

МУАЙЯН  КАРД:

Даъвогар Туракулов Р.Х., нисбати ҷавобгар Баҳобекова М.Я., ҳамҷавобгарон ХолматовБ.А., Холматов Н.А., Холматова М.А., ва Холматов Р.А., ва шахси сеюм ХШБ ШВКД дар шаҳри Бохтар бо аризаи даъвоги дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодабарии манзил ва баровардан аз қайди манзили истиқоматӣ ба суд муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш кардааст, ки ҷавобгарон аз ҳуқуқи истифодабарии манзили воқеъ дар шаҳри Бохтар кучаи Парамонов хонаи 15 “А” аз як долон 2.5 метра  ба 3 метра ва ҳуҷраи истиқоматии 3 метрба 2.5 метри мурабаъ бо истифодабарии ҳуҷраҳои ёрирасон, ошхона, ҳамом, ҳоҷатхона маҳрум карда шавад.

Бо таъиноти суд аз 22 ноябри соли 2023 аризаи даъвогии Туракулов Р.Х., нисбати ҷавобгарон Баҳобекова М.Я., Холматов Б.А., Холматов Н.А., Холматова М.А., ва Холматов Р.А., ва шахси сеюм ХШБ ШВКД дар шаҳри Бохтар бо аризаи даъвоги дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодабарии манзил ва баровардан аз қайди манзили истиқоматӣ ба баррасии суд қабул карда шудааст.

Суд барои ҷалб намудани ҷавобгар Баҳобекова М.Я., ва ҳамҷавобгарон ХолматовБ.А., Холматов Н.А., Холматова М.А., ва Холматов Р.А., ба баррасии парванда чораҳо андешида, ба суроғаи воқеъ дар ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти Қизил-қалъа, деҳаи Сумбула даъватнома фиристонида, муайян карда шуд, ки дар ин суроғаи дар ариза нишон додашуда танҳо даъвогар Баҳобекова М.Я., ба қайдгирифта шуда, ҳамҷавобгарон Холматов Б.А., Холматов Н.А., Холматова М.А., ва Холматов Р.А., ба суроғаи дар ариза нишондодашуда ба қайдгирифта нашудаанд ин ҳолат бо асосномаҳои раиси ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон дар вилояти Хатлон тасдиқ мегардад.

Ҳамчунин аз маълумотномаи раиси маҳаллаи “Ургутмаҳалла”-и шаҳри Бохтар, муайян карда шуд, ки ҳамҷавобгарон Холматов Б.А., Холматов Н.А., Холматова М.А., ва Холматов Р.А., дар суроғаи шаҳри Бохтар маҳаллаи “Ургутмаҳалла” кучаи Парамонов, хонаи №15А, ба қайд гирифта шуда, аммо дар ин манзили истиқомати аз соли 2020 истиқомат накарда, ба Федератсияи Россия ҳамчун муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ва дигар ҷои зисташ муайян намебошад, ки ин ҳолат бо маълумотномаи Раиси маҳаллаи “Ургутмаҳалла”-и шаҳри Бохтар таҳти№19 тасдиқи худро меёбад.

Тибқи талаботи моддаи 121 қисми 1 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар, судя баъди баргаштани хабарнома, ки қабули онро ташкилоти истифодаи манзилии ҷойи охирини истиқомати ҷавобгар тасдик намудаанд оид ба ошкоро супоридани хабарнома ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти суди қабул мекунад.

Бинобар ин суд ба хулоса омад, ки оиди ошкоро супоридани даъватномаи суди бо ҳуҷҷатҳои ба он замимакардашуда тибқи талаботи моддаи 121 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъинот қабул намояд.

Баррасии парвандаи гражданӣ бо даъвои Туракулов Рустам Холматович нисбати Баҳобекова Мамасулув Ярматовна, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович, Холматов Носир Алимуҳаммадович, Холматова Мунира Алимаҳмадовна ва Холматов Рамазон Алимаҳмадович ва шахси сеюм ХШБ ШВКД дар шаҳри Бохтар дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодабарии манзил ва баровардан аз қайди манзили истиқоматӣ ба рӯзи 29 феврали соли 2024 соати 14-50 дақиқа таъин карда шавад.

Ҷавобгарон Баҳобекова М.Я., Холматов Б.А., Холматов Н.А., Холматова М.А., ва Холматов Р.А., ошкоро ба маҷлиси судӣ ба суди воқеъ дар шаҳри Бохтар, кучаи М.Осимӣ-2 ба рузи 29 феврали соли 2024 соати 14-50 дақиқа ба сифати ҷавобгарон оид ба парвандаи гражданӣ бо даъвои Турақулов Р.Х.,дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодабарии манзил ва баровардан аз қайди манзили истиқоматӣ даъват карда шаванд.

Ҷавобгарон Баҳобекова М.Я., Холматов Б.А., Холматов Н.А., Холматова М.А., ва Холматов Р.А., метавонад ҳамаи далелҳои дар даст доштаро вобаста ба парвандаи мазкур пешниҳод намояд.

Дар сурати ҳозир нашудани ҷавобгарон парвандаи граждании мазкур бо тартиби мурофиаи ғоибона баррасӣ карда мешавад.

Бо дастрасии моддаҳои 121 қисмҳои 1-3 ва 229-230 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя,

 

Т А Ъ И Н       К А Р Д:

Ҷавобгар Баҳобекова Мамасулув Ярматовна ҳамҷавобгарон Холматов Баҳром Алимуҳаммадович, Холматов Носир Алимуҳаммадович, Холматова Мунира Алимаҳмадовна ва Холматов Рамазон Алимаҳмадович, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти Қизил-қалъа, деҳаи Сумбула, аз рӯи парвандаи гражданӣ бо даъвои Туракулов Рустам Холматович дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодабарии манзил ва баровардан аз қайди манзили истиқоматӣ, соати 14-50 рӯзи 29.02.2024 сол ба суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барои иштирок дар мурофаи судӣ даъват карда шавад.

Дар сурати то соати 14-50 рӯзи 29.02.2024 сол ба суд ҳозир нашудани ҷавобгарон Баҳобекова Мамасулув Ярматовна, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович, Холматов Носир Алимуҳаммадович, Холматова Мунира Алимаҳмадовна ва Холматов Рамазон Алимаҳмадович, даъватномаи суди ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба тариқи ошкоро ба онҳо супоридашуда эътироф мегардад.

Таъиноти мазкур дар тахтаи эълонҳои судӣ насб ва дар сомонаи суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷойгир карда шавад.

Нисбати таъинот дар мӯҳлати 10 рӯз ба воситаи ҳамин суд ба коллегияи суди оид ба парвандаҳои оилавии суди вилояти Хатлон шикояти хусуси овардан мумкин аст.

 

 

 

               Раисикунанда:                                                    Бегмуродзода  И.Б.