Санадҳои Суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

Мудири кудакистони №23-и шаҳри Бохтар Сафарова Латофат Саъдиевна аз фурсати муносиб истифода бурда, қасдан бо мақсади ғараз, яъне тасарруфи молу мулки ғайр дидаю дониста аввалҳои моҳи июни соли 2019 Сафарова Л.С. дар назди бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар бо Раджабова Д.А. вохурда, маблағи 35000 сомониро гӯё барои дохил кардани Раҷабов И.Ф. гирифта баҳри дохил намудани охирон ягон амалро иҷро накарда, онро ба манфиати худ тасарруф намуд. Баъди ин ҳолат номбурда, боз барои гӯё ҳуҷ  ҷатгузории дохилшавии ҷиянаш ба Раджабова Д.А. иброз кард, ки ба миқдори 500 сомонӣ   маблағ   равон кунад. Раджабова Д.А. боз ба суханони Сафарова Л.С. бовар карда, охирҳои моҳи декабри соли 2019 маблағи 500 сомониро тавассути писараш Назаров Шарифали Зокирович ба Сафарова Л.С. равон намудааст. Ҳамчунин, Сафарова Л.С. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, ба Раджабова Д.А. иброз кард, ки ҷиянаш ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шудааст ва маблағи шартномаи таҳсили солонаи ҷиянашро ба миқдори 13800 сомонӣ   ба ӯ     равон кунад. Минбаъд, Сафарова Л.С. тахминан аввалҳои моҳи январи соли 2020 дар утоқи кориаш воқеъ дар бинои кӯдакистони №23-и шаҳри Бохтар қарор дошта, маблағи 13800 сомониро аз Раджабова Д.А. тавассути бародари охирон гирифта, ин маблағро низ тасарруф намуд.

Ҳамин тавр, Сафарова Л.С. барои гӯё ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дохил намудани Раҷабов И.Ф. дар маҷмӯъ аз Раджабова Д.А. маблағи 49300 сомониро гирифта, баҳри дохил кардани номбурда ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати худ тасарруф намуда, ба шаҳрванд Раджабова Д.А. зарари махсусан калони моддӣ   расонид.

Бо ҳукми Суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон санаи 10-ноябри соли 2020, Сафарова Латофат Саъдиевна бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ва бо дастрасии моддаи 63-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба андозаи 1000 (ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо яъне баробар ба 58000 (панҷову ҳашт ҳазор) сомонӣ   ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаълияти омузгорӣ   ба муҳлати се сол таъин карда шудааст.

(судя Холдорзода Х.З.)

Ахмедов З.Ҳ. рӯзи 23 октябри  соли  2020  соати 02:30 дақиқа автомашинаи тамғаи «Тайёта-Кемри» рақами қайди давлаташ 30-30 РХ01-ро дар роҳи мошингарди шаҳри Душанбе  кучаи Неъмат Қарабоев нақлиётро дар ҳолати масти идора кардааст, ки ӯ бо ин кирдораш ҳуқуқ  вайронкунии маъмурии дар моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро содир намудааст. Бинобар ин ӯ аз ҷониби нозирони  РХР ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе дастгир карда нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмури оғоз карда, барои моҳиятан барраси намудан ба суди шаҳри Бохтар ирсол карда шудааст.

Бо қарори Судяи суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Холдорзода Х.З. аз 01.12.2020 сол нисбати Ахмедов Зокиржон Хамдамович дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии бо моддаи 332-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои ҳабси маъмури ба мӯҳлати понздаҳ шабонаруз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба мӯҳлати панҷ   сол  таъин карда шудааст.