Санади суди шаҳри Бохтар вилояти Хатлон

Парвандаи ҷинояти бо моддаи 234 кисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба суди шаҳри Бохтар ворид шуда, тафтишоти суди муаян кард, ки бо қарори раиси шаҳри Бохтар аз 28.09.2018 сол №330 ба шаҳрванд Сайфудинова Зикамоҳ Шамсудиновна, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, маҳаллаи Ҳоҷи Шариф, хонаи 95/5, қитъаи замин дар масоҳати 112 м.м. аз ҳисоби заминҳои истифодаи умумии назди бинои истиқоматии №16, воқеъ дар кӯчаи Д.Халқҳо бо мақсади сохтумони дукони тиҷоратӣ   аз масолеҳи сохтумонии навъи сабуки пластикӣ, барои ҳуқуқи истифодабарии бе муҳлат дода шудааст.

Писари Сайфудинова З. Муҳаммадҷони Неъматулло бо хоҳиши модараш бо сабабҳои калонсол будан ва ҳамчун зан имконияти пеш бурдани корҳои сохтумониро надоштан, ҳуҷҷатгузори ва амали намудани корҳои сохтумониро дар қитъаи замини мазкур ба уҳдаи худ гирифта, барои буридани дарахту буттаҳои дар ин қитъаи замини ба сохтумон халал эчодкунанда, моҳи феврали соли 2019 бо аризаи хаттӣ   ба Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон муроҷиат карда, санаи 28.02.2019 бо №100 аз ин Раёсат ҷавоби хаттӣ   бо мазмуни рад кардани талаби аризадиҳ  андаро гирифтааст.

Баъди ин боз моҳи ноябри соли 2019 бо мазмуни гирифтани иҷозат барои ба дигар ҷой кӯчонидани ин дарахту буттаҳо, унвони раиси шаҳри Бохтар аз номи модараш аризаи хаттӣ   пешниҳод намуда, санаи 21.11.2019 бо №4/292 аз номи муовини раис Сайфиддини И. ҷавоби хаттӣ   бо мазмуни зид набудани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои дигар ҷой кӯчонидани 13 адад дарахтони мевадиҳанда ва 43 адад буттаҳоро гирифтааст.

Дар санади тартибдодаи мутахасисони шӯъбаи ҳифзи муҳити зист ва шӯъбаи сохтумон ва меъмории шаҳри Бохтар аз 21.11.2020 дарахту буттаҳои дар сабзиш будаи ба сохтумони дукон, аз ҷониби Муҳаммадҷони Неъматулло ва модараш Сайфудинова Зикамоҳ Шамсудиновна халалдоркунанда, дар назди бинои №16, воқеъ дар кӯчаи Дусти Халқҳо дар ҷояш ҳисоб карда шуда, қайд шудааст, ки «Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар бо сабаби зарурияти фаврӣ   доштани дархости мазкур барои ба ҷойи дигар кӯчонидани 13 адад дарахтони мевадиҳанда ва 43 адад буттаю гулҳо ба шаҳрванд Набиев А. ва Сайфуддинова 3. дар суроғаи кӯчаи Дустии Халқҳо, назди бинои истиқоматии №16, зид нест».

Ғайр аз ин дар хулосаи экспертизаи давлатии экологии №98 аз 04.11.2019, ки аз ҷониби сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар асоси муроҷиати Сайфудинова Зикамоҳ   Шамсудиновна, барои сохтумони дукони тиҷратӣ   аз масолеҳи сохтумонии навъи сабуки пластикӣ   дода шудааст, қайд гардидааст, ки -«дарахтоне, ки дар лоиҳаи иншоот зери сохтумон меояд ва барои сохтумони иншоот халал ворид месозад, канда дар дигар ҷойҳои муайяншуда шинонида шуда ва давраи сабзиши онҳо таъмин карда шавад», «дарахтони дар қитъаи замини интихобшуда мавҷуд буда, бе иҷозати махсуси мақомоти салоҳиятдор дар самти ҳифзи муҳити зист бурида нашаванд».

Аммо Муҳаммадҷони Неъматулло ба ҳамаи ин эътибор надода, санаи 21 ноябри соли 2019 бо ҷалби мардикорон ба буриши ғайриқонунӣ   ва решакан кардани дарахтону буттаҳо дар қитъаи замин шурӯъ карда, то охири моҳи декабри соли 2019, шумораи 17 адад гули «Юкка», 26 адад буттаи «Смародина», 4 адад дарахти «Зардолу», 1 адад дарахти «Себ”,1 адад дарахти «Олуча» ва 7 адад дарахтони «Себи биҳӣ  », дар маҷмӯъ 13 адад дарахтони мевадиҳанда ва 43 адад гулу буттаҳоро ғайриқонунӣ   бурида ва решакан кардааст, ки дар натиҷа ҳамаи ин гулу дарахтон пурра аз сабзиш мондаанд ва дар ҷойи онҳо корҳои сохтумониро оғоз намуда, тахкурсии бетонии дукони тиҷоратиро сохтааст.

Мувофиқи хулосаи мутахассиси раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон таҳти №383 аз 08.08.2020 зарари аз ҳисоби шумораи умуми 13 адад дарахтони мевадиҳанда ва 43 адад гулу буттаҳои ғайриқ  онунӣ   буридашуда, 4002 (чор ҳазору ду) сомониро ташкил менамояд.

Бо ҳукми  суди шаҳри бохтар аз 20 ноябри соли 2020  Муҳаммадҷони Неъматулло бо моддаи 234 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо ҳамин модда  нисбати ӯ 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 29000 (бисту нуҳ ҳазор) сомонӣ   ҷарима таъин карда шуд.

Аз ҳисоби Муҳаммадҷони Неъматулло ба фоидаи Набиев А.Ш. 4002 сомонӣ   рӯёнида шудааст.

(Муовини якуми раиси суди ш.Бохтар Муҳидинзода С.С.)