Санади Суди ш.Бохтар вилояти Хатлон

Парвандаи ҷинояти нисбати  Файзиев Абдумалик Абдуғафорович бо моддаи 244 қисми 3 банди «а»-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди шаҳри  Бохтар ворид шуда тафтишоти пешаки муайян кард,  ки шаҳрванд  Файзиев  Абдумалик  Абдуғафорович  санаи таваллудаш  3-декабри  соли 1995,  зода ва сокини  шаҳри Бохтар,  кучаи Маданият-2 қаблан бо ҳукми суди шаҳри Бохтар, аз 20-феврали соли 2020 бо моддаҳои 32 қисми 3-244 қисми 1 ва 244 қисми  2 бандҳои “а,в,г” КҶ   Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор дониста шуда, ба мӯҳлати  ду солу шаш  моҳ   аз озодӣ   маҳрум  шуда,  охирҳои моҳи октябри соли 2019 бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз адои боқимондаи ҷазо озод шуда бошад ҳам, аз ин ба худ хулосаи лозимӣ   набароварда, такроран, дар ҳолати ретсидиви ҷиноят тасарруфи ниҳонии  молу мулки ғайрро дар ҳолати зерин содир кардааст. У бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр машғул шуда, 13-ноябри соли 2019, тахминан соатҳои 09:30 дақиқа бо мақсади дуздии молу ашёи арзишманд ба тарафи кӯчаи Маданият 2-и шаҳри Бохтар рафта, дар он манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро, ки соҳибонашон ҳузур надошта бошад, бо диқкат азназар гузаронида гаштугузор кардааст. Ҳангоми гаштугузор дари даромадгоҳи ҳавлии манзили истиқоматии шаҳрванд Саидов Давлатали Саидмаҳмудович, сокини кӯчаи дар боло зикршуда хонаи №10-ро, ки номбурда дар хонааш ҳузур надошт, дар ҳолати пушида дида, дарк кардааст, ки дар хонаи мазкур касе  намебошад ва ба худ мақсади тасарруф намудани молу ашёҳои арзишмандро аз он манзил кардааст. Сипас, ӯ  барои  амалӣ   намудани  ин  мақсади ғаразноки худ аз вазъияти барояш муносиб, яъне дар гирду атроф набудани одамони дигар  истифода бурда, аз болои  девори иҳотавии ҳавлии мазкур вориди ҳавлӣ   шуда, баъдан ғайриқонунӣ   вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Саидов Д.С., шуда, дохили ҳуҷраҳоро бо мақсади дарёфт намудани  молу ашёҳои арзишманд озодона  кофтуков намуда, аз дохили яке аз ҳуҷраҳо аз таги рахти хоб (диван) аз дохили селофани рангаш сиёҳ   28900 (бисту ҳашт ҳазору нӯҳсад) сомонӣ   ва 3400 (се ҳ  азору чорсад) доллари амрикоӣ, мутаносибан ба пули миллӣ   32946 (сиву ду ҳазору нӯҳсаду чилушаш) сомонӣ   ва аз дохили ҳуҷраи  дигар бошад, як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-2”, ки арзишаш тибқи хулосаи  пешниҳод намудаи экспертизаи судӣ-молшиносӣ   таҳти №21-46-2020 аз 22-январи соли 2020 400 (чорсад) сомониро ташкил медиҳад, ниҳонӣ   тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст ва маблағҳои тасарруф намудаашро ба манфиати шахсии худ сарф карда ва бо ин кирдори қасдонаи худ ба ҷабрдида Саидов Д.С. ба маблағи умумӣ   62246 (шастуду ҳазору дусаду чилушаш) сомонӣ   зарари моддӣ   ба миқдори калон расонидааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар Файзиев Абдумалик Абдуғафорович бо моддаи 244  қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ  бо ҳамин қисми модда  ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ   ба мӯҳлати 7 (ҳафт) солу 6 (шаш) моҳ бо нигоҳ   доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш  сахт, таъин карда шуд.

Аз ҳисоби Файзиев Абдумалик Абдуғафорович ба фоидаи ҷабрдида Саидов Давлатали Саидмаҳмудвич маблағи 62246 (шасту ду ҳазору дусаду чилу шаш) сомони руёнида шуд.

(Муовини раиси суди ш.Бохтар Алимзода Ҳ.А.