ҲАЛНОМАИ  ҒОИБОНА АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

ҲАЛНОМАИ  ҒОИБОНА

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

       14-уми майи  2024  сол                                                                шаҳри  Бохтар

                                                                                                                                 Парвандаи маданӣ№ 3-230

Суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

Дар ҳайати раисикунанда    Бегмуродзода Исломиддин Бегмурод

Бо котибии                              Ҷалилова Анора Сафархоновна

Бо иштироки прокурор         Солехзода Суҳроб ва Зоиров Муҳамадшариф

Дар маҷлиси ошкорои судӣ воқеъ дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Бохтар.

Парвандаи маданӣбодаъвоиТуракулов Рустам Холматович нисбати Баҳобекова Мамасулув Ярматовна, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович, Холматов Носир Алимуҳаммадович, Холматова Мунира Алимаҳмадовна ва Холматов Рамазон Алимаҳмадович ва шахси сеюм ХШБ ШВКД дар шаҳри Бохтар дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодабарии манзил ва баровардан аз қайди манзили истиқоматиро баррасӣ намуда, —

М У А Й Я Н   К А Р Д :

Даъвогар Турақулов Р.Х., бо даъво нисбати ҷавобгарон Баҳобекова М.Я., Холматов Б.А., Холматов Н.А., Холматова М.А. ва Холматов Р.А., ва шахси сеюм ХШБ ШВКД дар шаҳри Бохтар дар бораи  маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодабарии манзил ва баровардан аз қайди манзили истиқомати ба суд муроҷиат намуда, дар он иброз кардааст, ки дар асоси ҳалномаи суди ш.Бохтар аз саннаи 12 декабри 2019 сол ҷавобгарон Баҳобекова Мамасулув Ярматовна, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович, Холматов Носир Алимуҳаммадович аъзои оилаи истифодабарандаи ӯ эътироф карда шуда, дар манзили истиқоматии воқеъ ш.Бохтар кучаи Парамонов хонаи 15 “А” дар як долон 2.5 метр ба 3 метр ва ҳуҷраи истиқоматии 3 метр ба 2,5 метри мурабаъ бо истифодабарии ҳуҷраҳои ёрирасон, маскун карда шуда буданд. Аммо ҷавобгарон дар ин манзили истиқоматӣ ҳамаги як соат истода чизу чораи лозимиашонро ҷамъ карда, баъдан ба н.Хуросон деҳаи Сумбула рафта, то ба имруз дар онҷо зиндагии доими доранд. Зеро онҳо дар руйхати муҳоҷирати дохилии ш.Бохтар аз соли 2017 мавҷуд  буда, аз тарафи раиси н.Хуросон  бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда шуданд.

Ҳамин тариқ, зиёда аз се сол мешавад, ки Баҳобекова М.Я., бо фарзандонаш Холматов Б.А., Холматов Н.А., Холматова М.А. ва Холматов Р.А., дар манзили  истиқоматии ш.Бохтар  кӯчаи  Парамонов хонаи 15 “А” дигар барнагаштаанд, ки ин ҳолат бо санад ва маълумотномаи раиси маҳалла инчунин ҳамсоягон тасдиқ мекунанд. Он ҳуҷраи истиқоматие,  ки аз тарафи  суд барои маскун шудан ҷудо карда шуда буд, дар ҳолати антисанитарӣ қарор дошта ба мушхона табдил дода шудааст. Аз ин ру бинобар умуман зиндагонӣ накарданашон аз ҳуқуқи истифодабарии манзилаш маҳрум карда, шаванд.

Аз суд хоҳишкард, ки ҷавобгарон  Баҳобекова  Мамасулув  Ярматовна, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович, Холматов Носир Алимуҳаммадович, аз ҳуқуқи истифобарии  манзили  истиқоматии воқеъ ш.Бохтар кучаи Парамонов хонаи 15 “А” дар як долон 2.5 метр ба 3 метр ва ҳуҷраи истиқоматии 3 метрба 2,5 метри мурабаъ бо истифодабарии ҳуҷраҳои ёрирасон маҳрум карда шуда, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович, Холматов Носир Алимуҳаммадович, Холматова Мунира  Алимаҳмадовна  ва  Холматов Рамазон Алимаҳмадович аз қайд (прописка)-и манзили мазкур  бароварда шаванд.

Даъвогар  Турақулов Р.Х. — дар мурофиаи судӣ даъвояшро дастгирӣ намуда, илова кард, ки ҷавобгар Баҳобекова Мамамсулув бо марҳум бародараш Холматов Алимаҳмад оила барпо карда, аз зиндагии якҷоягиашон соҳиби чор фарзанд гардидаанд.  Баъдан дар соли 2007 бо сабаби беморӣ дар синни 51 солагӣ, бародараш Алимаҳмад вафот кардааст. Онҳо дар якҷояги бо оилаи худаш  иборат аз шаш нафар ва оилаи бародараш дар ин манзили истиқомати воқеъ дар ш.Бохтар кучаи Парамонов хонаи 15 “А”, ки аз 292 метри мурабаъ масоҳати қитъаи замин, дорои  се  ҳуҷраи истиқомати мебошад, зиндагонӣ мекарданд.

Соли 2017 онҳо барои манзили беҳ намудани шароити манзили истиқоматиашон ба унвонии  раиси  шаҳри Бохтар бо ариза муроҷиат намудаанд ва дар асоси мактуби раиси шаҳри бохтар ба раиси ноҳияи Хуросон  барои ҷудо намудани қитъаи замин барои шахсони эҳтиёҷманди шаҳри Бохтар бо қарори раиси ноҳияи Хуросон ба янгааш Баҳобекова Мамасулув бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудааст. Ҷобгар Бобобекова М. дар қитъаи замини мазкур манзили истиқоматӣ  сохта, бо ҳамроҳи  фарзандонаш зиндагӣ намуда истода будаанд ва соли 2020 то инҷониб дар  манзили истиқоматии онҳо зиндагӣ намекардаанд ва дар ноҳияи Хуросон, Ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон зиндагӣ мекардаанд.

Шароити  манзилии  ҷавобгарон хеле хуб буда, манзили истиқоматиашон аз шаш ҳураи истиқоматӣ ва пешдолон иборат мебошад. Манзили истиқоматии оно ҳамагӣ се ҳуҷраи истиқоматӣ дошта, теъдоди оилаи онҳо аз шаш нафар иборат буда, бинобар ба балоғат расидани кӯдаконаш ва оиладор намуданашон онҳо барои беҳ намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доштаанд. ӯ чандин маротиба ба ҷавобгарон барои холи намудани манзили истиқоматиашон муроҷиат намудааст, аммо ҷавобгарон бахотири азият додани онҳо на дар манзили истиқоматӣ зиндагӣ мекардаанд ва манзили истиқоматиро холи мекардаанд, ки онҳо истифода баранд. Ҳуҷраи манзили истиқоматие, ки ба ҷавобгарон вобаста карда шудааст, дар ҳолати хеле бад қарор дошта, чангу хок зер намуда ба мушхона табдил ёфтааст.

Аз суд хоҳишкард, ки аризааш қонеъ карда шавад.

Мувофиқи талаботи моддаи 238 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани ҷавобгаре, ки оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ шудааст, дар мӯҳлати на камтар аз се рӯз оид ба ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта хабардор шуда, аммо дар хусуси сабабҳои  узрноки  ҳозир нашуданаш иттилоъ надодааст, дар ғоибиаш баррасӣ шудани парвандаро хоҳиш накардааст, парванда мумкин аст тибқи тартиби мурофиаи ғоибона баррасӣ карда шавад. Суд дар хусуси бо тартиби ғоибона баррасӣ намудани парванда таъинот, қабул менамояд.

Суд барои ҷалб намудани ҷавобгар Баҳобекова М.Я., ва ҳамҷавобгарон Холматов Б.А., Холматов Н.А., Холматова М.А., ва Холматов Р.А., ба баррасии парванда чораҳо андешида, ба суроғаи онҳо, воқеъ дар ноҳияи Хуросон, Ҷамоати деҳоти Қизил-қалъа, деҳаи Сумбула даъватнома фиристонида, муайян  карда шуд, ки дар ин суроғаи дар ариза нишон додашуда танҳо даъвогар Баҳобекова М.Я., ба қайд гирифта шуда, ҳамҷавобгарон ХолматовБ.А., Холматов Н.А., Холматова М.А., ва Холматов Р.А., ба  суроғаи дар ариза нишон дода шуда ба қайд гирифта шудаанд ин ҳолат бо маълумотномаи раиси ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон  тасдиқ мегардад.

Ҳамчунин аз маълумотномаи раиси маҳаллаи “Ургутмаҳалла”-и шаҳри Бохтар, муайян карда шуд, ки ҳамҷавобгарон Холматов Б.А., Холматов Н.А., ва Холматов Р.А., дар суроғаи шаҳри Бохтар маҳаллаи “Ургутмаҳалла” кучаи Парамонов, хонаи №15А, ба қайд гирифта шуда, аммо дар ин манзили истиқомати аз соли 2020 истиқомат накарда, ҷои зисташонро иваз кардаанд, ин ҳолат бо маълумотномаи Раиси маҳаллаи “Ургутмаҳалла”-и шаҳри Бохтар таҳти№19 тасдиқи худро меёбад.

Бинобар аниқ набудани ҷойи истиқомати ҳамчавобгарон Холматов Б.А., Холматов Н.А., ва Холматов Р.А. ва бе сабаҳои узрнок ҳозир нагардидани ҷавобгарон Баҳобекова Мамамсулув ва Баҳобекова Мунира бо таъиноти суд аз 29 январи соли 2024 ва ҳуҷҷатҳои ба аризаи даъвогӣ замима шуда, ошкоро ба ҷавобгарон супорида шуда эълон карда шудааст.

Даъвогар дар мурофиаи судӣ аз суд хоҳиш кардааст, ки бе иштироки ҷавобгарон  аз рӯи далелҳои мавҷуда гузаронида шуда, ҳалномаи ғоибона қабул карда шавад. Дар хусуси дар ғоибии ҷавобгарон баррасӣ намудани парвандаи маданӣ таъинот қабул карда шудааст.

Суд далелҳои парвандаро омӯхта ва онҳоро таҳқиқ намуда, ба хулоса омад, ки бо асосҳои зерин даъвои Турақулов Р.Х.-ро қонеъ намояд.

Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 64 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки бо санади эътибори қонунӣ пайдо кардаи судӣ оид ба парвандаи граждании қаблан барраси гардида муқаррар шудаанд, барои суд ҳатмӣ буда, онҳо ҳангоми баррасии дигар парвандаи гражданӣ, ки дар он ҳамин шахсон иштирок менамоянд, аз нав исбот карда намешаванд ё мавриди баҳс қарор намегиранд.

Чунин ҳолатҳоро суд умуми маълум эътироф кардааст ва ба исбот эҳтиёҷ надоранд.

Аз нусхаи  ҳалномаи  суди  шаҳри Бохтар аз 12.12.2019 сол ҷавобгарон Баҳобекова  Мамасулув Ярматовна, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович, Холматов Носир Алимуҳаммадович  аъзои оилаи истифобарандаи даъвогар Турақулов Рустам Холматович эътироф карда шуда, дар манзили истиқоматии воқеъ ш.Бохтар кучаи Парамонов хонаи 15 “А” дар як долон 2.5 метр ба 3 метр ва ҳуҷраи истиқоматии 3 метрба 2,5 метри мурабаъ бо истифодабарии ҳуҷраҳои ёрирасон, маскун карда шудаанд.

Мувофиқи  талаботи қисми 1 моддаи  66 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми муваққатан ғоиб будани кироягир ва аъзои оилаи ӯ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ, ҳуқуқи онҳо ба манзили истиқоматӣ ба муддати шаш моҳ нигоҳ дошта мешавад.

Тавре, аз меъёри мазкур бар меояд, ки қонунгузор маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодабарии хонаи истиқоматӣ нисбат ба манзилҳои фонди давлатию ҷамъятӣ пешбинӣ кардааст.

Суд қайд менамояд, ки қонунгузории манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодабарии хонаи истиқоматиро аз хонаҳои фонди шахсӣ пешбинӣ накардааст.

Мувофиқи талаботи кисми 1 моддаи 7 КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати бо қонунгузории манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ё созишномаи тарафҳо танзим нагардидани муносибатҳо оид ба  манзил ва мавҷуд набудани меъёри қонунгузории маданӣ, оилавӣ ва қонунгузории дигар, ки бевосита ин муносибатҳоро танзим менамояд, меъёрҳои қонунгузории манзил, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамояд (қиёси қонун), татбиқ мегардад.

Аз ин рӯ, суд дар асоси ин меъёрӣ болоӣ, барои ҳалли баҳси аз ҳуқуқи истифодабарии манзили шахсӣ маҳрум кардани шахс шабоҳати қонунро истифода намуда, даъворо ҳал намояд.

Аз нусхаи шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ таҳти№166 аз 06.06.2019 сол, ки аз тарафи КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дода шудааст, дида мешавад, ки даъвогар Турақулов Рустам Холматович истифобарандаи манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Бохтар, маҳаллаи Ургут маҳалла, кучаи Парамонов, хонаи №15 мебошад.

Суд муайян кард, ки айни замон манзили баҳсӣ дар истифодабарии даъвогар Турақулов  Р.Х. қарор дошта, соҳибмулкии ӯ ба ин хона муқаррар карда нашудааст, аз ин рӯ, ӯ ҳамчун истифодабарандаи манзили истиқоматӣ ба ҳисоб меравад.

Дар муҳокимаи судӣ муайян карда шуд, ки ҷавобгарон Баҳобекова М.Я., Холматов Б.А., Холматов Н.А., дар асоси ҳалномаи судӣ шаҳри Бохтар аз 12 декабри соли 2019 аъзои оилаи истифодабаранда Турақулов Р.Х. эътироф карда шуда, дар манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Пармонов, №15 маскун карда шуданд.

Тавре муайян карда шуд, ҷобгарон Баҳобекова М.Я., Холматов Б.А., Холматов Н.А. пас аз маскун гардидан ба манзили истиқоматӣ ягон рӯз истиқомат накарда, баъдан бо ариза ба унвонии раси шаҳри Бохтар барои ҷудо намудани қитъаи замин муроҷиат менамоянд ва дар асоси мактуби раиси шаҳри Бохтар ба унвонии раиси ноҳияи Хуросон, барои сокинони эҳтиёҷманди шаҳри Бохтар аз ҳудуди ноҳияи Хурусон, Ҷамоати деҳоти Қизил-қалъ, деҳаи Сумбулла қитъаи замин барои сохтумони манзили истиқоматӣ ҷудо карда шудааст. Дар қитъаи замини мазкур ҷавобгарон Баҳобекова М.Я., Холматов Б.А., Холматов Н.А. дар муддати ду сол манзили истиқоматӣ бунёд намуда, аз соли 2020 то инҷониб дар он мазили истиқоматӣ бунёд намудаанд.

Ҳолати дар манзили баҳси зиндагӣ накардани ҷобгарон Баҳобекова М.Я., Холматов Б.А., Холматов Н.А. бо санадҳо аз 12.03.2020, 29.08.2023 ва маълумотномаҳои тартиб додаи раиси маҳаллаи “Ургутмаҳалла” таҳти№759 аз 15.11.2023 ва №768 аз 17.11.2023  тасдиқ мегардад.

Ҳамзамон аз баёноти шоҳид Мухторов Н. дар маҷлиси судӣ муайян карда шуд, ки ӯ аз соли 2000 то 2015 сол ҳамчун раиси кумитаи маҳаллаи “Ургутмаҳалла”-и шаҳри Бохтар ва инҷониб дар маҳаллаи мазкур ба ҳайси раиси Ветеранҳо кору фаъолият мекардааст. Вобаста ба баҳси байни сокинони маҳаллаи Ургут маҳалла Турақулов Р.Х. бо янгааш- ҷавобгар Баҳобекова М. ва фарзандони вай, чунин баён намуд, ки дар ҳақиқат ҷавобгар Баҳобекова М.Я. бо марҳум  бародари  Турақулов Р.- Холматов А.Т., ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ намуда, аз зиндагии якҷоягиашон соҳиби чор фарзанд гардидаанд. Марҳум Холматов А.Т. дар соли 2007 вафот кардааст. Манзили истиқоматии онҳо бо манзили истиқоматии Турақулов Рустам ҷойгир буда, ҳамчун манзили меросии падару модарошон ба шумор мерафтааст. Оиди он, ки янгааш Баҳобекова М., бо фарзандонаш ҳамҷавобгарон- Баҳром, Носир, Мунира ва Рамазон аз соли 2019 то инҷониб дар ин манзили истиқоматии маҳаллаи Ургутмаҳалла кучаи Парамонов хонаи № 15 А зиндагонӣ надоранд, ӯ ҳамчун сокини ин маҳалла тасдиқ мекардааст.

Дар асоси аризаҳои сокинони шаҳри Бохтар ҳамчун шаҳрвандони эҳтиёҷманди қитъаи замин барои сохтумони манзили истиқоматӣ, ҷавобгар Баҳобекова М.Я. аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Хуросон, бо мактуби раиси шаҳри Бохтар, дар Ҷамоати деҳоти  Кизил-қалъаи ноҳияи  Хуросон ба замин таъмин карда шудаанд ва дар ҳамон замин манзили истиқоматӣ бунёд намудаанд ва бо фарзандонаш дар онҷо зиндагӣ доштаанд.

Манзили истиқоматии  Турақулов  Р.Х. дар ҳолати пасти зоҳири қарор дошта, он азнавсозиро талаб менамояд.  Ҳуҷраи манзили истиқоматие, ки дар он ҷавобгарон  маскун  гардидаанд  дар ҳолати хароби қарор дошта, пур аз чангу хок ва дар ҳолати корношоямӣ қарор доштааст.

Инчунин аз баёноти дар маҷлиси судӣдодаи шоҳид Садыков О.С. муайян карда мешавад, ки ӯ муддати як сол мешудааст, ки дар маҳаллаи Ургутмаҳалла ҳамчун раиси кумита фаъолият мекардааст, ки яке  аз вазифаҳои ӯ ҳамчун раиси маҳалла ин бақайдгирии сокинон ва мунтазам пеш бурдани руйхати аҳоли будааст. Ҳамчунин ӯ сокини ин маҳалла буда, оилаи даъвогарро хуб мешинохтааст. Дар ҳақиқат ҷавобгарон Баҳобекова М.Я. бо фарзандонаш тибқи Ҳалномаи суди шаҳри Бохтар ҳамчун аъзои оилаи истифодабарандаи Турақулов Рустам эътироф карда шуда, дар манзили истиқоматии воқеъ ш.Бохтар кучаи Парамонов хонаи 15 “А” дар як долон ва ҳуҷраи истиқоматии 3 метр ба 2,5 метри мурабаъ бо истифодабарии ҳуҷраҳои ёрирасон, маскун карда шуда будаанд, аммо онҳо дар ин манзили истиқомати зиндагонӣ накардаанд. Оиди он, ки аз моҳи марти соли 2020 дар суроғаи мазкур ҷавобгар Баҳобекова М.Я.бо фарзандонаш,  ҳамҷавобгарон зиндагӣ накардаанд, вале сокини ҳамин суроға ба қайд гирифта шудаанд, ба мақомотҳои зарурӣ аз ҷониби ӯ ҳамчун раиси кумитаи маҳалла санад ва маълумотномаҳо дода шудааст, ки ин санад ва маълумотномаҳоро ӯ тасдиқ мекунад. Барои тартиб додани Санад саннаи 29.08.2023 бо ду шахсони холис ба мазили истиқоматии даъвогар Турақулов Р. рафта, маълум гардид ки ин манзили истиқоматиимаскун кардашуда дар ҳолати антисанитарӣ ва барои зисту зиндагони номувофиқ қарор доштааст.

Суд аз далелҳои қабати парванда, аз ҷумла аз расмҳои манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Пармонов, хонаи №15 муйян карда мешвад, ки ҳуҷраи бо ҳалномаи суд ҷавобгарон Баҳобекова М.Я., Холматов Б.А., Холматов Н.А. дар он маскун гардидаанд, дар ҳолати валангор қарор дошта, бинобар муддатҳои зиёд истифода набурдани ҳуҷраи манзили истиқоматӣ ба ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст.

Ҳамчунин суд аз нусхаи руйхати тартибдодаи мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар ва асосномаи раиси Ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон таҳти№4056 муайян намуд, ки ҷавобгар Баҳобекова Мамасулув дар қайди суроғаи ноҳияи Хуросон, Ҷамоати деҳоти Қизил-қалъа, деҳаи Сумбула буда, дар он ҷой истиқомат дорад.

Суд ҳолатҳои боллоиро ба инобат гирифта, бо дар назардошти он, ҷавобгарон Баҳобекова М.Я., Холматов Б.А., Холматов Н.А. манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Бохтар, кучаи Пармонов, хонаи №15-ро пас аз маскун шудан дар асоси ҳалномаи суд аз 12 декабри соли 2019 то инҷониб истифода набурдан ва ба ҳолати садамавӣ расонидани манзили истиқоматӣ, лозим шуморид, ки даъвои Турақулов Р.Х.-ро дар қисми маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, қонеъ намояд.

Тибқи талаботи қонунгузории манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматгоҳ маҳалле эътироф мегардад, ки шаҳрванд доимӣ ё бештар дар он истиқомат мекунад.

Суд аз маҷмӯи далелҳо муайян намуд, ки гарчанде ҷавобгарон Баҳобекова Мамасулув Ярматовна, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович, Холматов Носир Алимуҳаммадовичдар манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи шаҳри Бохтар,кучаи Парамонов, хонаи№15 “А” ба қайд гирифта бошанд ҳам, онҳо бидкуни розигии истифодабарандаи  манзили  истиқоматӣ  Турақулов Р.Х. сурат гирифта, онҳо дар ин манзили истиқоматии мазкур ягон рӯз истиқомат накардаанд ва ҷои буду боши доимии онҳо бо модарашон ҷавобгар Баҳобекова М.Я., воқеъ дар ноҳияи Хуросон, Ҷамоати деҳоти Қизил-қалъа, деҳаи Сумбулла буда, муддати чор соли охир дар он ҷой истиқомат доранд.

Аз ин рӯ суд асосҳои боллозикрро ба назар гирифта, мувофиқи мақсад донист, ки даъвои ТурақуловР.Х.-ро дар қисмати аз қайди зисти манзили истиқоматӣ баровардан, қонеъ намояд.

Бо дар назардошти ҳолатҳои дар болло дарҷ гардида, суд зарур шуморид, ки аризаи даъвогии даъвогар Турақулов Р.Х. қонеъ намояд.

Бо дастрасии моддаҳои 238-242 ва 215 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд,-

Ҳ А Л        К А Р Д:

Аризаи даъвогии Туракулов Рустам Холматович нисбати Баҳобекова Мамасулув Ярматовна, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович, Холматов Носир Алимуҳаммадович, Холматова Мунира Алимаҳмадовна ва Холматов Рамазон Алимаҳмадович ва шахси сеюм ХШБ ШВКД дар шаҳри Бохтар дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодабарии манзил ва баровардан аз қайди манзили истиқомати қонеъ карда шавад.

Баҳобекова Мамасулув Ярматовна, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович ва Холматов Носир Алимуҳаммадович аз ҳуқуқи истифодабарии  манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Пармонов , хонаи №15 “а” аз як долон 2,5 метра ба 3 метр ва ҳуҷраи истиқоматии 3 ба 2,5 метра ва иншоотҳои ёрирасон, ошхона, ҳамом, ҳоҷатхона, маҳрум карда шаванд.

Баҳобекова Мамасулув Ярматовна, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович ва Холматов Носир Алимуҳаммадович аз қайди манзили истиқоматӣдар шаҳри Бохтар, кӯчаи Пармонов , хонаи №15 “а” бароварда шаванд.

Ҷавобгарон Баҳобекова Мамасулув Ярматовна, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович ва Холматов Носир Алимуҳаммадович ҳуқуқдорад ба ҳамин суд оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона дар мӯҳлати 10 (даҳ) рӯз аз рӯзи супоридани нусхаи он ариза пешниҳод намояд.

 

 

Раисикунанда:                                                                 Бегмуродзода И.Б.