Санади Суди шаҳри Бохтари  вилояти Хатлон

Парвандаи ҷинояти   Раҷабов Абдукарим Маҳмадшарифович бо моддаи 164 КҶ   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди шаҳри Бохтар ворид шуда, тафтишоти судӣ   муфян кард, ки шаҳрванд Раҷабов А.М. бархилофи талаботҳои моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 46-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал намуда, барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии асоси нуҳсолаи фарзанди ноболиғаш Раҷабова Майрамби Абдукаримовна 27.02.2005 соли таввалудаш, ки то синфи 8-ум дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и шаҳри Кулоб таҳсил карда, минбаъд давоми таҳсилоташро дар муасисаи миёнаи умумии №7-и шаҳри Бохтар идома дода, ба синфи 9-ум гузаштааст, бо баҳонаи паст будани шароити зиндагиаш ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосии нуҳсолаи фарзандаш монеъ гардида, Раҷабов А.М. аз 17 авагусти соли 2020 то инҷониб нагузоштааст, ки фарзандаш Раҷабова М.А. таҳсилоти ҳатмии асосии нуҳсоларо идома диҳад, ки дар натиҷа номбурда аз гирифтани таҳсилот то айни замон дур  монда, соли хониши 2020-2021 умуман таҳсил накардааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар аз 5 феврали соли 2021 нисбати Раҷабов Абдукарим Маҳмадшарифович дар содир кардани ҷинояти бо моддаи  164 КҶ   Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ва бо дастрасии моддаи 63-и КҶ   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 150-(як саду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 9000 (нуҳ ҳазор) сомонӣ   ҷарима ба фоидаи давлат ҷазо таъин карда шудааст.