Санади суди шаҳри Бохтар вилояти Хатлон

Парвандаи ҷинояти нисбати Шобудинов Бурхониддин Амонович бо моддаи 177 қисми 1-и КҶ   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди шаҳри Бохтар ворид шуда, тафтишоти судӣ   муаян кард, ки шаҳрванд Шобудинов Б.А. рӯзи 15.11.2005 сол бо шаҳрванд Худоярова Тутихон Собиржоновна тариқи динӣ   оила барпо карда, аз зиндагии якҷояашон соҳиби се фарзанд Шобудинов Исломиддин-11.03.2007 соли таваллудаш, Шобудинов Эмомуддин-12.04.2010 соли таваллудаш ва Шобудинов Иброим-3.04.2013 соли таваллудаш гардида, бо сабаби якдигарнофаҳмӣ   8 марти соли 2017 аз ҳамдигар тариқи динӣ   ҷудо шудаанд. Дар асоси ҳалномаи суди ш.Бохтар аз 27.09.2017 сол Шобудинов Б.А. уҳдадор шудааст, ки ба фоидаи Худоярова Т.С. барои таъминоти се фарзанди ноболиғаш ҳар моҳ   ба тариқи устувор ба маблағи 100-сомонӣ   ба ҳар як кӯдак, ҷамъ 300-сомонӣ   аз 6.09.2017 сол сар карда, алимент супорад.

Аммо Шобудинов Б.А. ягон маротиба алимент насупорида, то 8 декабри соли 2020, яъне зиёда аз се солу се моҳ   бадқасдона, бидуни сабабҳои узурнок аз иҷрои ҳалномаи суд оид ба пардохти маблағи алимент барои таъминоти фарзандони ноболиғаш саркашӣ   намуда истодааст, ки ҳамагӣ   маблағи қарзи алимент 11700-сомониро ташкил медиҳад.

Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар аз 15 январи соли 2021, Шобудинов Бурхониддин Амонович дар содир кардани ҷинояти бо моддаи 177 қисми 1-и  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ   ба муҳлати ҳашт моҳ, бо адои ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ, таъин карда шуд.

Аз ҳисоби Шобудинов Бурхониддин Амонович ба фоидаи Худоярова Тутихон Собиржоновна маблағи зарар ба миқдори 11700-сомонӣ, рӯёнида шавад.

(Судя Иброҳимзода Д.Б.)