САРПЕЧӢ АЗ АНДОЗ БОИСИ ДОҒИ СУДӢ ШУД

 

Ҳафтае қабл аз ҷониби Суди шаҳри Бохтар нисбатияк сокини 38-солаи ин шаҳр ҳукм дар бораи пардохти ҷарима ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 32 ҳазор сомонӣ мебошад, бароварда шуд. Мувофиқи гуфтаи Муҳиддинзода Сайфиддин, муовини якуми раиси Суди шаҳри Бохтар, ки ин мурофиаро раисӣ намудааст, нисбати номбурда муқаррароти моддаи 259, қисми 2, банди “б” (соҳибкории ғайриқонунӣ бо ба даст овардани даромад ба миқдори махсусан калон) таъйин ва баррасӣ карда шуд.

Ин нафар Амонов Ҳасаналӣ Сайнимонович, зодаи ноҳияи Восеъ буда, истиқоматкунандаи кӯчаи Лолазори шаҳри Бохтар мебошад. Қаблан (11 марти соли 2022) аз ҷониби Суди ноҳияи Қубодиён бо моддаҳои 36, қисми 3 ва 289, қисми 2 суд шудааст.

“Амонов Ҳасаналӣ қарори раиси шаҳри Бохтар аз 11 декабри соли 2017-ум, 275 м2 қатъаи замин дар кӯчаи Ваҳдатро барои сохтмони бинои истиқоматии баландошёна ва маркази савдоба даст оварда, бо ширкати пудратии ҶДММ “Сайидо” барои оғози корҳои сохтмонӣ шартнома бастааст. Дар асл Амонов Ҳасаналӣ ҳамчун шахси воқеӣ бидуни бақайдгирӣ дар нозироти андоз фаъолияти ғайриқонунии соҳибкориро бароҳ монда, пудратчиро ба кор ҷалб накарда, корҳои сохтмонии бинои шашошёна бо маркази савдоро оғоз намудааст, ки то ҳол идома дорад”, — мегӯяд Муҳиддинзода Сайфиддин.

Бино ба гуфти ӯ,Амонов Ҳасаналӣ дар давоми рафти корҳои сохтмонӣ аз 15 хонаи умумии бинои мазкур чортои онро ба сокинони шаҳри Бохтар ба маблағи умумии 588 ҳазор сомонӣ фурӯхта, дар ин миён ба дархости чандинкаратаи кормандони нозироти андози шаҳри Бохтар оиди худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар қайди нозироти андоз гузоштан баэътиборӣ намуда, бо ин васила 183 ҳазору 556 сомониро ба буҷаи давлат ҳамчун андоз насупоридааст.

Дар нусхаи ҳукми суд, ки дастраси рӯзномаи “Набзи Бохтар” гардид, омадааст:“Судшаванда ҳангоми баррасии парванда зиёни расонидашударо пурра барқарор намуда, дар тарбияаш фарзандони ноболиғ дорад, ба замми ин зимни мурофиаи судӣ ба гуноҳи худ пурра иқрор буда, аз кардааш пушаймон мебошад. Ин ҳамаро ба инобат гирифта, суд ба хулосае омад, ки нисбаташ моддаи 310-и Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намуда, барояш ҷазои ғайриҳабсиро татбиқ намояд”.

 

“Набзи Бохтар”