Санади суди шаҳри Бохтар вилояти Хатлон

Парвандаи ҷинояти нисбати Дашьяан Грант Александрович бо моддаи 164 -и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди шаҳри Бохтар  ворид шуда, тафтишоти суди муаян кард, ки шаҳрванд Дашьяан Г.А. ӯҳдадории худро ҷиҳати ба таълим фаро гирифтани фарзанди ноболиғи худ Дашьяан Тигрант Грантович иҷро накарда, бо ин тарз барои гирфтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола)-и ӯ монеагӣ ба вуҷуд овардааст, ки бо ин кирдораш ҷинояти бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардааст. шаҳрванд Дашьяан Грант Александрович фарзанди ноболиғи худро бояд ба таҳсил фаро мегирифт, вале ӯ бо кадом сабаб бошад номаълум, ба мактаб набурдааст, ҳоло он, ки барои гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола)-и ноболиғ монеагӣ намекарданд. Дар натиҷа писари ноболиғи ӯ аз гирифтани таҳсилот дур монда, то ҳол ба таҳсил фаро нагирифтанд. Ҳамин тариқ шаҳрванд нишондодҳои дар давраи тафтишоти пешакӣ додаашро пурра тасдиқ карда худашро дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор  меҳисобад.

Дашьяан Грант Александрович дар содир кардани ҷинояти бо моддаи 164 — и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ва бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба шаш ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.

(Судя  Ғафориён Т.В.)