Санади суди ш.Бохтар вилояти Хатлон.
Парвандаи ҷинояти нисбати Валиев Алишер Муҳамаҷонович, бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «а,в,г»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд ворид шуда, тафтишоти суди муаян кард, ки мақсади ба даст овардани фоидаи муфт мунтазам ба дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр машғул шуда, 04 декабри соли 2020, тахминан соати 17:00 дақиқа, бо мақсади дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр ба назди манзили истиқоматии сохтмонаш нотамоми шаҳрванд Забиров Фурқат Абдуалимович, воқеъ дар шаҳри Бохтар, маҳаллаи Истиқлол рафта, аз фурсати барояш муносиб, яъне набудани соҳибхона ва дигар одамон истифода намуда, ғайриқонунӣ вориди манзили истиқомати гардида аз дохили хона як адад асбоби барқи гармидиҳи истеҳсоли «Эрон», ки тибқи хулосаи пешниҳоднамудаи экспертизаи судӣ молшиносӣ таҳти №21-31 аз 18.01.2021 сол арзишаш 90 (навад) сомонӣ, як адад зарфи гази моеъ ғунҷоишаш 5 литра, арзишаш 60 (шаст) сомонӣ ва як адад таҷҳизоти равшандиҳанда (прожектор), арзишаш 70 сомонӣ бударо тариқи ниҳонӣ тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса ғайб задаст.
Сипас, ӯ рӯзи дигараш як адад асбоби барқи гармидиҳи, як адад зарфи гази моеъ ва як адад таҷҳизоти равшандиҳанда, ки бо роҳи дуздӣ ба даст оварда буд, ба бозори Уяли ноҳияи Хуросон бурда, моликияти худ гуфта, ба шаҳрванд Раҷабов Маҳмадсами Алиқулович сокини ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти С.Айни, ҷамъ ба мабалғи 150 (яксаду панҷоҳ) сомонӣ фурухта, маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба адст овардаашро ба пуррагӣ дар хароҷоти шахсиаш сарф кардааст, ки бо ин кирдори қасдонааш ба ҷабрдида Забиров Ф.А., ҷамъ ба маблағи 840 (ҳаштсаду чил) сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.
Боз ӯ, такроран санаи 12 декабри соли 2020, тахминан соати 11:00 дақиқа, ба роҳи ҶДММ «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтар рафта, онҷо ба назди ронандаи сечархаи «Моторола»-и шахсияти ронандааш ба тафтишоти номаълум мебошад рафта иброз менамояд, ки дар хонааш ҳезуми фуруши дорад, он ронандаи шахсияташ ба ӯ бовар карда ҳамроҳии ӯ ба манзили истиқоматии сохтумонаш нотамоми шаҳрванд Забиров Фурқат Абдуалимович, воқеъ дар шаҳри Бохтар, маҳаллаи Истиқлол рафтааст.Сипас ӯ ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии номбурда гардида аз фурсати барояш муносиб, яъне набудани соҳибхона ва дигар одамон дар гирду атроф истифода бурда аз он ҷо як миқдор ҳезуми хушкро ба ронандаи сечарха ба маблағи 200 сомонӣ савдо намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаст ва маблағҳои аз ҳисоби дуздӣ ба даст овардаашро пурра ба манфиати худ сарф намудааст, ки дар натиҷа бо ин кирдори қасдонааш ба ҷабрдида Забиров Ф.А., ба маблағи 500 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.
Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар 4- марти 2021 ба Валиев Алишер Муҳамаҷонович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «а,в,г»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба вай бо ин қисми модда ҷазои маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 2 (ду) солу 6 (шаш) моҳ бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умуми, таъин карда шавад.
(Муовини Раиси суди ш.Бохтар Алимзода Ҳ.А.)