Санади Суди ш.Бохтар вилояти Хатлон

 

Парвандаи ҷинояти нисбати Тиллабаев Умар Валиҷонович, 248 қисми 2 бандҳои «б,в,г» Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди шаҳри Бохтар ворид шуда, тафтишоти судӣ муайян кард, ки шаҳрванд Тиллабаев У.В. бо мақсади ошкоро тасарруф намудани молу мулки ғайр аз рӯи маслиҳати пешакӣ, санаи 25 октябри соли 2018, тахминан соати 00:30 дақиқа ҳангоми дар маркази дилхушии бо номи «Сабина», воқеъ дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Б.Ғафуров, ҷойгирбуда бо ҳамроҳии ҳаммаслаконаш Амирҷони Ҳусейн, Шодиев Хуршед Зафарович, Раҳимов Фаррушоҳ Хуршедшоҳевич, Раджабалиев Шоҳзамон Қутбуддинович, Норқулов Аъзамат Усмоналиевич ва Маҳмудов Сорбонҷон Сироҷиддинович, дар майдончаи рақсу бозии маркази дилхушии мазкур қарор доштанашон, шаҳрванд Ботиров Баҳромджон Қурбоновичро дидаанд, ки номбурда дар ҳолати масти бо ракқоса, ки ному насаб ва ҷои истиқоматаш ба тафтишот номаълум аст, рақсу бозӣ   намуда, зимни бозӣ   аз ҳамёнаш маблағи пулӣ   бароварда, аз болои сари раққоса мепошидааст. ӯ ва шарикони ҷиноятиаш  боварӣ   ҳосил намудаанд, ки Ботиров Б.Қ. бо худ маблағи калони пулӣ   дорад ва байни худ маслиҳати ошкоро тасаррӯф кардани маблағҳои пулии Ботиров Б.Қ-ро намуда, бо ин роҳ   ба даст овардани фоидаи муфтро бо роҳи содир кардани ҷиноят таҳрезӣ   кардаанд.

Сипас, шаҳрванд Тиллабаев У.В. бо ҳаммаслаконаш Амирҷони Ҳ., Шодиев Х.З., Раҳимов Ф.Х., Раджабалиев Ш.Қ., Норқулов А.У. ва Маҳмудов С.С., барои амали намудани нияти ғаразноки худ, фурсати муносиб ҷуста, аз маркази дилхушии зикршуда ба берун баромадани Ботиров Б.Қ-ро дар ду ҷои пинҳонӣ   интизор шудаанд.  Баъди ба охир расидани вақти кории маркази дилхушӣ   Норқулов А.У. бо ҳамроҳии Шодиев Х.З. аз қафои Ботиров Б.Қ  . думболагирӣ   намуда, дар назди бинои меҳмонхонаи «Эҳсон» воқеъ дар шаҳри Бохтар, кучаи Б.Ғафуров, ки он ҷо ҷойи хилвату торик будааст, номбурда ба онҷо барои қазои ҳоҷат рафта будааст, аз фурсати барояшон мусоид, яъне набудани одамон дар гирду атроф истифода бурда, якҷоя Ботиров Б.Қ-ро мавриди лату куб қарор дода, ҳамёни дар бараш бударо, ки дар дохилаш 21000 (бисту як ҳазор) сомонӣ   пули нақд доштааст, ошкоро бо истифодаи зуроварӣ   гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд ва маблағи тасарруф кардаашонро байни худ тақсим намудаанд, ки аз ин ҳисоб ба ӯ ба маблағи 1000 сомонӣ   расидааст, бо ин кирдори қасдонаи худашон ба ҷабрдида Ботиров Б.Қ. ба маблағи 21000-сомонӣ   зарари ҷиддӣ   расонидаанд.

Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар Тиллабаев Умар Валиҷонович бо моддаи 248 қисми-2 бандҳои “б, в, г”   КҶ  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазо дар намуди маҳ  рум сохтан аз озодӣ   ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр  таъин карда шавад.

 

(Муовини раиси суди ш.Бохтар Алимзода Ҳ.А.)