ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ СУДИ ШАҲРИ БАХТАР ЁҚУБЗОДА АБДУРАҲМОН ХОЛДОР БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ МОДАР

 

Ҳамкорони азиз!

Модарону хоҳарони арҷманд!

Бонувони гиромӣ!

Ба оғози зеботарин фасли сол — баҳори Аҷам рост омадани Рўзи модарон, ки бо ибтикору пешниҳоди Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 8 март бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, басо рамзист. Агар баҳор бедории табиат,  муждарасони фарорасии рўзи наву рўзгори нек, баракати  зиндагӣ аст, зан-модар низ бахшояндаи ҳаёт, тарбиятгари инсонҳост ва ба гуфтаи роҳбари давлатамон «тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон-мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ў ба камол расида, сабақи одамият омўхтаем. Аввалин шеъри олам низ аллаи модар аст». Оре зан-модар аст, ки ҳанўз аз айёми тифлӣ ба қалбҳои мо меҳру муҳаббат, поктинатӣ, башардўстӣ, фарҳангпарварӣ, захматписандӣ ва дигар хислатҳои неку хуҷастаи инсониро ҷо медиҳад. Аз ин ҷиҳат зан-модар натанҳо тарбиятдиҳанда, балки офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рўзгор мебошад.

Боиси хурсандист, ки дар мақомоти судӣ қатори мардон занону бонувон ҳам кору фаъолият менамоянд. Ин дарак аз он медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занону модарон диққати аввалиндараҷа медиҳад ва мақоми занон дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон боло рафта истодааст.

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо –Тоҷикистони азиз баҳри арҷ гузоштан ба занон, ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат ҳарчи бештару фаъолонатар ҷалб намудани занону духтарон тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд. Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа, ҳифзи  ҳуқуқу манфиатҳои занон пайваста кўшиш ба харҷ медиҳанд. Арҷгузорӣ, гиромидошти зан-модар дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ инъикоси равшани худро пайдо намудаанд. Роҳбари давлатамон бо дарназардошти нақши бузурге, ки занон барои рушду пешрафти ҷомеаи мо мебозанд, пайваста таъкид менамоянд, ки масъалаҳои ба корҳои идоракунии давлатӣ, ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҷалб намудани занон, роҳ надодан ба поймолшавии ҳуқуқҳои онон таъмини баробарҳуқуқӣ ба таҳсил, аз ҷумла ба таҳсил дар мактабҳои олӣ, боло бурдани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, аз ҳисоби занон тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва ғайра бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи мо қарор дошта бошад.

Боиси хурсандӣ ва ифтихор аст, ки имрўз дар соҳаи суд занону духтарон дар пешрафту тараққиёт нақши фаъол доранд. Умуман ҳоло соҳаеро наметавон тасаввур кард, ки дар он занону духтарон фаъолият надошта бошанд. Ман бо итминони комил мегўям, ки занони мақомоти судии шаҳри Бохтар дар оянда низ барои рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, расидан ба қуллаю уфуқҳои нав, тарбияи фарзандони нексиришт, бофазлу маърифат, ватандўсту худогоҳ, солим, баодоб нерую қувваи худро дареғ нохоҳанд дошт. Занони фарзона ва оқилони суди шаҳри Бохтар дар қатори тамоми занони тоҷик барои пойдории хонадон, ба камол расонидани насли арзанда, барои ободию пешрафти кишвар ва шаҳри азизамон саҳмгузор хоҳанд буд.

Ҳамаи шумо-модарону хоҳарони азиз, ҳамдиёрони арҷмандро ба муносибати 8 март «Рўзи модар» аз замири дил табрику таҳният гуфта, бароятон рўзгори осуда, саломатию сарбаландӣ ва бахту иқболи беҳудуд орзу менамоям.

 

Ид муборак, модарону хоҳарони азиз!