Ҳамовозӣ ба Паём — Сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ

Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 23-юми декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, тамоми самтҳо, фаъолиятҳо, соҳаҳо ва зиндагии мардуми кишварро дар бар мегирифт. Алалхусус, дар ин Паём Роҳбари давлат ба таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи махсус намуда, дар бораи муҳайё кардани шароиту имконияти таҳсил, кумаку дастгириҳо изҳори назар карданд.

Пешвои муаззами миллат қайд карданд, ки “… дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд”.  Яъне, ин гувоҳи он аст, ки муҳайё намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва барои ин қувваи асосӣ истифода мешавад. Президенти мамлакат борҳо таъкид кардаанд, ки кӯдакону наврасон ва ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошанд. Маҳз ба ин хотир, дар Паёми навбатӣ  низ оид ба соҳаи таълиму тарбия истодагарӣ намуданд.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки “ … то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои  камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад”. Бахусус, дар ин асос, ҳоло аз номи Пешвои муаззами миллат ба мактаб – интернатҳо дар шаҳру навоҳии вилояти  Хатлон  кумаки яквақта, сару либоси мактабӣ ва зимистона, инчунин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида истодааст. Ёдовар бояд гардид, ки бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ятимону бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои эҳтиёҷманд доиман дар маркази таваҷҷуҳ мебошанд ва аз тарафи Пешвои миллат, мақомоти маҳаллӣ, ташкилоту  муассисаҳо, соҳибкорон ва шахсони алоҳида кумаку дастгириҳо мегиранд, ин амали Роҳбари давлат онҳоро намегузорад, ки худро танҳо эҳсос намоянд.

“…ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”, қайд гардид дар Паёми навбатӣ.  Аз ин лиҳоз,  ҳар яки  моро зарур аст, ки кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи ватанпарастию хештаншиносӣ тарбия  намоем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки “… ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта–сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”. Яъне, агар мо ояндаи инсоният ва худро андешидан хоҳем, пас бояд аз имрӯз ба таълиму тарбияи насли наврас бетаваҷҷуҳ набошем. Воқеан, ин таъкиду таҳлилҳои Пешвои миллат ба хурду бузурги мамлакат таъсир бахш буд.

Дар Паёми навбатӣ вобаста ба пешгирӣ намудан ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, истодагарӣ намуданд. Бинобар ин, бояд насли ояндаи кишвар аз амалҳои номатлуб пешгирӣ карда шаванд. Барои ин, хурду бузурги мамлакат бояд бетараф набошад.

Кӯдакону наврасонро зарураст, ки ҳар як нуқтаи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллатро ҳамчун роҳнамо ҳаёти худ истифода намоянд. Зеро, аксарияти суханҳо ба кӯдакону наврасон алоқаманд буданд. Насли калонсол низ аз ҳар як гуфтаи Паём дар таълиму тарбия, тарбияи ватанпарастӣ, омода кардан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирӣ аз ҷиноткорӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ, кумаку дастгирӣ ва дигар самтҳо барои насли наврас истифода намоянд. Мо дар якҷоягӣ метавонем, ки ояндаи дурахшонро бо истифода аз Паёми роҳнамои  Роҳбари давлат ва иҷрои дастуру супоришҳо муҳайё созем.

Акмал Чилазода,

муовини  раиси суди шаҳри Бохтар