ҚОНУН БАРОИ ҲАМА ЯК АСТ!
Пешрафту шукуфоӣ, маърифату маданият, тартибот ва зиндагии шоиста ва ба касе зарар нарасонидану ҳаққи касеро нахӯрдан дар асоси қонунгузорӣ танзим карда мешавад. Маҳз қонунгузорӣ намегузорад,ки ҳуқуқи касе поймол шавад. Аз ин лиҳоз, тамоми давлатҳои ҷаҳон қонунҳои махсуси худро доранд,ки аз якдигар бо ба инобат фарҳангу маданият, тамаддун ва анъанаҳои қадимаи миллаташ фарқкунанда мебошад. Масалан, дар аксарияти қонунгузориҳои Тоҷикистон фарҳанг ва маданият, урфу одати қадима ба инобат гирифта шуда, қабул гардидаанд,ки барои сокинон риояи онҳо ягон мушкилӣ эҷод намекунад ва душвор низ нест.
Агар дар бораи таърихи ҳуқуқи инсон ҳарф занем, пас ёдовар шудан ба маврид аст,ки ибтидои ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи инсонӣ ба таърихи ҳазорсолаҳои X-VIII пеш аз милод — замоне рафта мерасад, ки нахустин инсонҳои рӯи замин ба даврони асри нави сангин ворид шуда, бо роҳи худмуҳофизат ҳуқуқи худ ва ҳамсару фарзандонашонро дифоъ намуда, усули худмуҳофизаткунӣ ва ҷазодиҳиро амалӣ менамуданд. Нахустинсонҳо дар остонаи тамаддунҳо аз рӯи қонуни ҷангал амал намуда, адолат ва ҳақиқатро тавассути зӯрӣ ва худҷазодиҳӣ ба сомон мерасониданд. Азбаски дар ин даврон одамон ҳуқуқҳои худро тавассути худмуҳофизат амалӣ менамуданд, роҷеъ ба таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи инсон чизе гуфтан мумкин нест. Зеро ин даврон танҳо барои қонеъ намудани талаботи биологӣ, ҷисмонӣ, иқтисодӣ бо роҳҳои зурӣ ва фиреби оддӣ ба дарки ҳуқуқҳо замина мегузошту халос. Он рӯзгор ҳар кас барои ҳаққи худ мубориза мебурд. Гуруҳи одамоне, ки барои ҳаққи худ мубориза бурда, ҳаққи муқобили худ ва дигаронро намебинад, аз рамаи ҳайвонот кам тафовут дошт. Бинобар ин, давраҳои аввалини эътироф ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ба даврони ҳаёти якҷояи (иҷтимоии) одамон, ба даврони сохти авлодии ҷамоаи ибтидоӣ, ба давроне рост меояд, ки одамон дар доираи маҳдуд ҳам бошад, яке ҳаққи дигареро ҳифз мекард, яке бар дигаре кӯмак менамуд, яке дигареро пуштибонӣ намуда, вазифаи муайянро адо мекард.
Дар бораи бузургоне,ки дар самти рушди ҳуқуқи инсон ва қонунҳои давлатӣ пешниҳоду таклифҳо ва тағйирот ворид намудаанд, гуфтан мумкин аст,ки зина ба зина дар шакли пайдо шудани идеяҳои нав ба нав мақому манзалати ва баробарҳуқуқӣ ба вуҷуд омад. Мисол, Пифагор ва паӣравони ӯ дар шинохти ҳуқуқи инсон зинаи навро кашф намуданд, ки он дар пайвасти адолат бо баробарҳуқуқии инсонҳо зоҳир меёфт: «Адолат дар баробарии инсонҳо ифода меёбад». Ба ҳамин монанд, Афлотун тақсими адолатноки меҳнат, ҳифозати моликият ва баробарҳуқуқии зан ва мардро эълом кардааст: «Адолат ҳамчунин маънии онро дорад, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад моли касро соҳибӣ намуда, моли худро аз даст диҳад».
Арасту бошад намудҳои адолатро кашф карда буд: «Адолат ба ду намуд ҷудо мешавад: адолати баробаркунанда ва тақсимшаванда. Адолати тақсимшаванда адолатест, ки дар натиҷаи таксими ҳукумат, ҳаққи меҳнат ва дигар имтиёзҳо дар байни мардум риоят мешавад. Адолати баробаркунанда дар доираи муносибатҳои муомилотӣ мушоҳида мешавад: дар аҳдҳо, руёнидани товони зарар, ҷиноят, ҷазо ва ғ.»
Имрӯз баҳри баланд бардоштани донишу фаҳмиши ҳуқуқиву қонунии шаҳрвандон аз тарафи сохторҳои марбута корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ ташкил гардида истодаанд. Аммо, боз ҳастанд нафароне,ки дидаю дониста қонунро вайрон мекунанд. Аслан надонистани қонун ҷаҷобгариро истисно намекунад,вале нисбат ба онҳое,ки дидаю дониста ба қонуншиканӣ роҳ дода, аз кори кардаи худ азҳори пушаймонӣ намекунанд, ҷавобгарӣ ҷиддитар хоҳад буд. Ба ин хотир, тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст,ки тамоми қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд риоя кунанд то ба дастовардҳои бештар ноил гардем.
Судяи суди шаҳри Бохтар
Муродзода Мустафо