Нақшаи кории Суди шаҳри Бохтар

Нақшаи кории Суди шаҳри Бохтар

НАҚШАИ
кории суди шаҳри Бохтар
барои нимсолаи аввали соли 2019

Номгӯи чорабиниҳо Мӯҳлати

Иҷро

Иҷрокунанда
1

Ҷамъбасти фаъолияти суди шаҳри Бохтар дар давраи соли 2018 ва муайян кардани вазифаҳои суд дар нимсолаи якуми соли 2019 дар маҷлиси фаврии кормандони суд муҳокима карда қарорҳои дахлдор қабул карда шавад.

Авали моҳи январ Ёқубзода А.Х.
2

Назорати қатъии фаъолияти ҳар як судя ва кормандони дастгоҳи суд баҳри пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва амалҳои ношоистае, ки обрӯ ва эътибори ҳокимияти судиро паст мезанад.

Доимо Ёқубзода А.Х.
3

Ҷамъбасти таҷрибаи судии парвандаҳои гражданӣ бо даъвои шахси ҳуқуқӣ вобаста ба рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби амволҳои багаравгузошташуда, ки дар соли 2018 барраси шудаанд, таҳлилу ҷамбаст карда шавад.

Натиҷааш дар маҷлиси фаврии кормандони суд муҳокима карда қарори дахлдор қабул карда шавад.

май Ғафориён Т.В.
4

Ҷамъбастии таҷрибаи судӣ оид ба ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар соли 2018

Натиҷааш дар маҷлиси фаврии кормандони суд муҳокима карда шуда, қарори дахлдор қабул карда шавад.

май Иброҳимзода Д.Б.
5 Омӯзиш ва ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳои ҷинояти вобаста ба дуздӣ, ки аз тарафи ноболиғон дар соли 2019
содир шудааст.Натиҷааш дар маҷлиси фаврии кормандони суд муҳокима карда шуда, қарори дахлдор қабул карда шавад.
май Ёқубзода А.Х.
6

Амалияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои маъмурӣ бо моддаҳои 90 ва 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2019 баррасӣ шудаанд, таҳлилу ҷамъбаст карда шуда, аз натиҷаи камбудиҳои ошкоршуда ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол карда шавад.

Аввали моҳи

май

Холдорзода Х.З.
7

Ҷамъбасти таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба итоат накардан ба кормандоин БДА (моддаи 329 КҲМ ҶТ) дар соли 2019

Аввали моҳи май Ғафориён Т.
8 Ҷамъбасти таҷрибаи баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба бекор кардани ақди никоҳ ва рӯёнидани алимент дар соли 2019 Аввали моҳи

май

Муродзода М.
9

Гузаронидани вохӯриҳо бо аҳолии шаҳри Бохтар дар мавзӯъи омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳама вақт Раиси суд ва судяҳо
10

Гузаронидани вохӯриҳо бо аҳолии шаҳр, чопи мақолаҳо ва баромадҳо ба тариқи телевизион ва радио дар мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028»

Ҳама вақт Судяҳо ва кормандони суд
11

Баромаду вохӯриҳо бо аҳолӣ, чопи мақолаҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, истифодаи васеи ВАО баҳри баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ

Ҳама вақт Судяҳо ва кормандони суд
12

Гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ, таъмири асосии бинои суд ва утоқҳои корӣ ва хотирмон ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва нақши он дар пешрати ҷомеаи навини Тоҷикистон

Ҳама вақт Судяҳо ва кормандони суд
13

Ёрии ҳаматарафа ба табақаи эҳтиёҷмандони аҳолӣ, сағирхонаҳо, нафақахӯрон ва маъюбон

Ҳама вақт Судяҳо ва кормандони суд